вторник, 19 сентября 2017 г.

ОБОДИИ МАҲАЛ - ОБОДИИ ДИЁР!

Обод кардани мањалла, дења, шањри худ, албатта, ободию гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тољикистон аст. Бо ибтикори Раиси вилоят, мўњтарам Абдурањмон Ќодирї «Соли мањалла, дења ва шањраки обод» эълон гардидани  соли  2016 боис гардид, ки дар миќёси вилоят корњои ободонию кабудизоркунї љараёни тоза гирад. Чунин ободкорї, нињолшинонию кабудизоркунї дар дењаи Овчии ноњияи Деваштич низ амалї шуда истодааст. Аз солњои пеш дар дења бањри кабудизоркунї ва ободу зебо намудан, шинонидани нињол ва бунёди боѓ идома анъанаи нек буд. Мардуми диёр бо шинонидани нињолњои дарахтони сояафкану мевадињанда њусни диёрро дигаргун намуда, ин амали неки худро имрўзњо низ идома дода истодаанд.



Ањли дења бањри ободонии диёри хеш њамаљониба зањмат кашида, дар асоси дастуру супоришњои Раиси вилояти Суѓд, мўњтарам Абдурањмон Ќодирї бањри ободии диёри хеш љидду љањд доранд. Бо роњнамоии раиси хољагии  кооперативи истењсолии Овчї Мирзо Мирзоев имрўзњо ободонии мањал ва тозагии гирду атрофи дења босуръат идома ёфта, њамчунин сокинон дар назди бинои хољагї бо дилу нияти нек кор карда истодаанд.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки давоми солњои соњибистиќлолии кишвари азизамон Тољикистон дар ин диёри кўњсор ду мактаби наву замонавї ва як маркази саломатї ба фаъолият оѓоз намуд.
Имрўз сокинони ин мањал иќдомњои наљиби роњбарияти вилоятро њамаљониба дастгирї намуда истодаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки асосан сокинон дар сањро ба парвариши картошка машѓул буда, ноњияњои картошкапарвари кишварро бо тухмии хушсифат таъмин менамояд. Чанд соли охир сокинони дења бо бањри истењсоли зиёди картошка дар миќёси мамлакат шинохта шуданд.
Сокинони ќавиирода ва ватандўсти дењаи Овчї дар  соли дења ва шањраки обод, бањри ободии мањалли худ камари њиммат баста, диёри хешро сарсабзу хуррам ва намунавї гардонданианд. 
 Истамљони НАЉМИДДИН,


Комментариев нет:

Отправить комментарий