Деваштич:
Истењсоли картошка меафзояд
Картошкапарварї
яке аз соњањои муњими ноњияи Деваштич мањсуб меёбад. Њамаи хољагињои кишоварзии
ноњия ба парвариши ин намуди зироат машѓуланд. Аксарияти сокинони ин ноњия,
зиндагии худро аз њисоби ин навъи зироат пеш мебаранд. Кишоварзони ноњия аз
њисоби заминњои дар ихтиёри худ дошта, тухмињои хушсифати мањсулоти кишоварзиро кишт намуда, њосили
фаровон ба даст меоранд. Масоњати умумии заминњои ноњия 36324 гектар буда, аз
ин 11851 гектарро обї ва 24473 гектарро
лалмї ташкил медињад.
Љоиз ба зикр аст, ки моњи октябри соли 2015
Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба
ноњияи Деваштич ташриф оварда, ба
обёрикунии 12 њазор гектар заминњои лалмї
ва чарогоњ оѓоз бахшиданд. Тибќи лоињаи мазкур, ин амал ду марњаларо дар
бар мегирад, дар навбати аввал майдони 5800 гектар заминњои лалмї ва чарогоњ
обёрї карда мешавад. Њамчунин, баъди пурра ба охир расидани амалигардонии лоињаи
мазкур, дар ноњия майдони умумии
заминњои обї аз 11851 гектар ба 23 851 гектар расонида шуда, заминњои
лалмї бошад аз 24473 гектар ба 12 473 гектар кам мешавад.
Имсол
кишоварзони ноњия кишти картошкаро сариваќт ба роњ монда, њосили хубро
интизоранд. Мувофиќи маълумоти сардори Раёсати кишоварзии ноњия Умар Мањмадёров
тибќи наќша, кишоварзон ният доштанд, ки дар майдони 2600 гектар картошка кишт
намоянд. Бо мусоид омадани вазъи њаво кишоварзон тавонистанд, дар њудуди 2601,5
гектар кишти картошка гузаронданд.
Хољагињои
кишоварзии ноњия, дар майдони 2430 гектар ва хољагињои ањолї дар 1003 гектар кишти
картошка гузарониданд. Мувофиќи ноњия умуман кишти картошка 3601,5 гектарро
ташкил медињад, - гуфт зимни сўњбат Умар Мањмадёров.
Соли
2014 кишоварзони ноњия дар майдони 2288
гектар кишти картошка гузаронида аз ҳар гектар
276 сентнер ҳосил рўёниданд. Соли 2015 бошад, дар майдони 150 гектар кишти
картошка зиёд карда шуд.
Айни њол дењќонони ноњия дар
сањро барои љамъоварии њосили картошка машѓул њастанд. Дењањое, ки дар
доманакўњњо љойгир шудааст аз обу њавои мусоид истифода бурда, њарчи бештар
њосили картошкаро љамъоварї намуда истодаанд.
Бино ба иттилои Раёсати кишоварзї, имсол дар
ноњия истењсоли картошкаро аз 93 800 тоннаи соли 2015 ба 100 њазор тонна расониданианд.
Соли љорї дењќонони ноњия аз њар гектар аз 272 то 275 сентнерї ва аз ин њам
зиёд њосил гирифтанро умед доранд. Лекин, чи тавре, ки иттилоъ додаанд, дар
баъзе аз хољагињои кишоварзи ба монанди Љамоати дењоти Вањдат ва Кооперативи
истењсолии «Овчї - Ѓончї» истењсоли картошка
аз 320 то 350 сентнериро ташкил медињад.
Истамљони
НАЉМИДДИН,
Комментариев нет:
Отправить комментарий