САФОИ ДИЛЊО ВА ЗАЊМАТИ ГУВОРО
Имрўз боз як бори дигар сокинони меҳнатќарини деҳаи Овчї амали ободкории худро љињати амалї гардидани
дастуру супоришњои Президент ва Раиси вилоят собит намуданд.
Файзи ќудуми Президент ва Раиси
вилоят дар ободонї.
Бо њидоят ва дастгирии Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї ањли Хољагии кооперативии истеҳсолии “Овчї-Ғончї” заминҳои лалмии мавзеи Қимқулсойи дењаи Овчиро обшор намуданд. Дар амалигардонии ин кор саҳми аҳолии деҳа низ калон аст, зеро бо ҳашари умумихалқї тавонистанд, ки
4 километр љўйборро бо қувваи худ канда,
заминҳоро обшор намоянд.
Имрўз боз як бори дигар сокинони меҳмоннавози деҳаи Овчї амали ободкории худро љињати амалї гардидани дастуру супоришњои
Президент ва Раиси вилоят собит намуданд.
Хољагии кооперативї-истењсолии “Овчї-Ѓончї”-и ноњияи
Ѓончї њамчун хољагии тухмипарвар фаъолияти пурсамар дорад. Хољагї дорои 369 гектар замин буда, дар 195 гектари он кишти картошка
ба роњ монда шудааст. Мувофиќи њисобу китоби пешакї аз њар гектар имсол
аз 300 то 320 сентнерї њосил рўёнида хоњад шуд. Дар хољагї 3375 сар моли майда, 22 сар асп ва 159 сар зоти
тољикии моли калони шохдор мављуд буда, имрўз хуб парваришу нигоњубин мешаванд.
Раёсати хољагї барои боз њам пурсамар истифодабарии замин
ва бењбудии некуањволии мардум заминњоро
ба иљора додааст. Мардум бо ин иќдом метавонанд барои пешрафти зиндагии худ ва
хољагиро таъмин менамоян. Дар хољагї 32 гектар зироати хўроки чорво кишт карда
шудааст.
Баракати њосил зи об бувад...
Маќсад ва мароми
сокинони дења таъмини оилаи худ бо маводи хўрока ва коњиш додани муњољирати
мењнатї мебошад. Аз њамин сабаб обёрї намудани заминњои лалмї ва њосили дилхоњ
ба даст овардан њадафи ягонаи мардум
аст. Ќисми зиёди заминњои хољагї лалмианд. Дар мавзеъњои обї кишти
картошка ва сабзї ба роњ монда шудааст.
Имсол бо маблаѓи 720 њазор сомонї 150
гектар заминњои мавзеи Ќимќулсой обёрї гашт. Бо дастгирии Раиси вилоят аз
буљети вилоят 360 њазор сомонї бањри азхудкунии замин људо карда шуд. Пештар
дар мавзеи Қимқулсой хатти об мављуд набуд, мардум бо машаќқатҳои зиёд, танњо дар як моҳ як маротиба заминҳои худро обёрї менамуданд.
Ташаббуси сокинон
буд, ки имрўз заминҳои деҳа ба пуррагї кишт шудаанд. Асосан кишти картошка ва ғалладонагиҳо ба роҳ монда шуд. Дар
баробари ин ањли хољагї ният доранд,
заминҳои аз оби полезї
танқисї доштаро бо навбат бо об таъмин
намоянд. Бар ивази зањмати меҳнаткашони деҳа бо заминҳои корам ва маблағҳои ҳавасмандкунї қадрдонї карда
мешаванд.
Имсол бо дастгирии Раиси вилоят ва мардуми деҳа сокинон бо њашар масофаи 4 њазор метрро кофта, ба воситаи лўлањои обгузар заминҳоро обшор намуданд.
Ин њама ободкориву пешрафтњо аз шарофати
истиќлолияти кишвари азизамон Тољикистон ва њидоятњои Сарвари мамлакат, фарди
хирадманду оќил Эмомалї Рањмон сарчашма мегирад,-зикр намуд раиси Хољагии
кооперативи- истењсолии “Овчї-Ѓончї” Зањриддин Умаров. Ў изњор дошт, ки
бо шарофати ташрифи Президент ва Раиси вилоят њусни дења ва файзу баракати њосили
дењќонон зиёда гардид. Соли 2009 сафари
кории Президенти кишвар Эмомалї Рањмон
барои истењсоли бештари картошкаи хушсифати тухмї таккон бахшид ва дењќонони дењаи Овчї дар миќёси љумњурї аз пешќадамњои арса эътироф
гардиданд. Имрўз низ тухмии хушсифати картошка ба ноњияњои картошкапарвари
кишвар содирот мегардад.
Ободии диёр, ободии кишвар аст.
Дар фазои сулњу
субот ва оромї зиндагонї намудан, ободу зебо гардонидани Ватани азизи хеш –
Тољикистон, вазифаи њар як соњибватан аст. Барои зебо ва тоза нигоњ доштан, имрўз
мардуми мењнаткашу ободкори дења камари њиммат баста, диёри худро хушнамуду дилоро намуда истодаанд.
Эълон гардидани соли 2015-Соли гулњо ва идомаи роњњои обод, ба сокинони дења имконият фароњам
овард, ки диёри хешро бо дарахтони сояафкан ва гулњои ороишї зебо гардонанд. Бо ташаббуси сокинон дар дења
100 бех дарахти сояафкан ва 500 бех гулу буттањои ороишї шинонида шуд.
Ањли дења иќдомњои
неки Раиси вилояро дастгирї намуда, ба мавзеъњое, ки барои шинонидани дарахтон
мутобиќат менамояд, дарахтони сояафкан ва мевадињанда шинонидаанд.
Бино ба иттилоои
раиси хољагї, тибќи супориши Раиси вилоят, дар мавзеи Ќимќулсой боѓ бунёд
кардаву дарахтони арчаву сояафкан шинонида мешавад. Зеро бунёди боѓ ва
шинонидани нињолњои гуногун аз иќдомњои неки
Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон мањсуб меёбад.
Шањру дењоти диёрамон бо шарофати истиќлолияти кишвари
азизамон имрўз ободу зебо шуда истодааст. Чунин ободкорињо дар дењаи Овчї низ равшан намудор аст. Тайи соњибистиќлолии кишвар дар
ин мавзеи хушобу њаво тариќи њашари умум ду мактаби замонавї сохта, ба истифода дода
шуд, ки яке аз ин таълимгоњ бо њузури Президенти
кишвар мавриди бањрабардорї ќарор гирифт.
Таъмири роњњои
дења бомаром идома ёфта, њудуди 16
километр бо маблаѓи 3700 сомонї шаѓалпўш
гардонида шуд. Барои амалњои нек ва кори савоб сокинон њамасола роњњои њудуди дењаро ба воситаи техникањои мављуда таъмир
менамоянд.
Мардуми дења шукр аз даврони истиќлолияти кишвар, фазои сулњу субот, сериву пурии њосили дастранљи хеш, шукр аз
хоку оби Ватан намуда, имрўз барои ободї ва пешрафти Ватани азизамон Тољикистон
камари њиммат баста, сањми худро гузошта истодаанд.
Истамљони
НАЉМИДДИН,
http://animalsbirds.com/robber-flies/
ОтветитьУдалить