вторник, 19 сентября 2017 г.

аксҳо аз саёҳати гуруҳи кормандони деҳаи Овчӣ

Деваштич: Истењсоли картошка меафзояд

Картошкапарварї яке аз соњањои муњими ноњияи Деваштич мањсуб меёбад. Њамаи хољагињои кишоварзии ноњия ба парвариши ин намуди зироат машѓуланд. Аксарияти сокинони ин ноњия, зиндагии худро аз њисоби ин навъи зироат пеш мебаранд. Кишоварзони ноњия аз њисоби заминњои дар ихтиёри худ дошта, тухмињои хушсифати  мањсулоти кишоварзиро кишт намуда, њосили фаровон ба даст меоранд. Масоњати умумии заминњои ноњия 36324 гектар буда, аз ин 11851 гектарро обї ва 24473 гектарро  лалмї ташкил медињад.

ОБОДИИ МАҲАЛ - ОБОДИИ ДИЁР!

Обод кардани мањалла, дења, шањри худ, албатта, ободию гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тољикистон аст. Бо ибтикори Раиси вилоят, мўњтарам Абдурањмон Ќодирї «Соли мањалла, дења ва шањраки обод» эълон гардидани  соли  2016 боис гардид, ки дар миќёси вилоят корњои ободонию кабудизоркунї љараёни тоза гирад. Чунин ободкорї, нињолшинонию кабудизоркунї дар дењаи Овчии ноњияи Деваштич низ амалї шуда истодааст. Аз солњои пеш дар дења бањри кабудизоркунї ва ободу зебо намудан, шинонидани нињол ва бунёди боѓ идома анъанаи нек буд. Мардуми диёр бо шинонидани нињолњои дарахтони сояафкану мевадињанда њусни диёрро дигаргун намуда, ин амали неки худро имрўзњо низ идома дода истодаанд.

САФОИ ДИЛЊО ВА ЗАЊМАТИ ГУВОРО


Имрўз боз як бори дигар  сокинони меҳнатќарини деҳаи Овчї амали ободкории худро љињати амалї гардидани дастуру супоришњои Президент ва Раиси вилоят собит  намуданд.